Консерти овозхони зодаи Тоҷикистон ва Иглесиас дар Исроил: фарҳанги тоҷик ҳунармандам кард

Обуна шудан
Александр Коган, ситораи маъруфи эстрадаи Русия, писари молики фурудгоҳи "Домодедова" мегӯяд, маҳз таваллуду кӯдакияш дар Тоҷикистон боиси ташаккулаш ҳамчун шахсияту ҳунарманд шудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Александр Коган, овозхони зодаи Душанбе, ҳамроҳи Хулио Иглесиас, сарояндаи маъруфи ҷаҳонӣ 6 октябр дар Исроил консерти муштарак дорад. Коган дар саҳнаҳои гуногуни ҷаҳон ҳамроҳи Иглесиас ҳунарнамоӣ кардааст ва яке аз ситораҳои маъруфи эстрадаи Русия ба ҳисоб меравад.  

Коган дар суҳбат бо "АртМосковия" изҳор доштааст, ки маҳз таваллуд шуданаш дар Душанбе дар ташаккули ӯ ҳамчун шахсият ва ҳунарманд нақш бозидааст.

Александр Коган афзудааст, ки аз Тоҷикистон хотироти нек дорад.

Концерт в честь алмазного юбилея имама Ага-Хана IV в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Навори консерт ба муносибати "Ҷашни алмосӣ" дар Маскав

"Мардум, табиат ва фарҳанги Тоҷикистон, дар ташаккули ман ҳамчун шахсияту ҳунарманд нақши бузург бозидаанд. Дӯстони волидонам дар Тоҷикистон аҳли мусиқӣ буданд ва дар атрофам асосан созҳои мардумӣ садо медоданд. Маҳз ҳамин мусиқӣ маро ҷалб ва ҳаяҷонзода кард", — изҳор дошт овозхони маъруф.

Александр дар синни 6-солагӣ ҳамроҳи волидонаш аз Душанбе ба Маскав ва ҳангоми 10-солагӣ ба Амрико кӯчидааст. Падари ӯ Валерий Коган, яке аз моликони фурудгоҳи Домодедова мебошад.

Ӯ мегӯяд, дар аввал волидон аз майлаш ба мусиқӣ чандон хурсанд набудаанд, аммо бо мурури замон қабул кардаанд.

Коган дар мавриди шиносоияш бо Хулио Иглесиас гуфтааст, ки соли 2012 дар яке аз ҳамоишҳо дар НюЙорк шинос шудаанд ва баъдан Иглесиас ӯро ба сафарҳои гуногуни ҳунарияш дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон даъват кардааст.

Александр Коган дар синни 22-солагӣ ба Маскав баргашта, то ҳол ҷоизаҳои гуногун аз қабили "Золотой граммафон" ва "Песня года"-ро соҳиб шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0