Гурӯҳи "Шамс" бо сурудҳои ором, Салиму Сулаймон бо оҳангу сурудҳои ҳиндӣ ва овозхонони роҷистонӣ бо ғазалсароӣ панҷ соат ба муносибати 60-умин солгарди имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV ҳунарнамоӣ карданд.
Нобоварро тамошобинон чун ҳамеша бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пешвоз гирифтанд. Гурӯҳи "Шамс" имрӯз на барои "покӯбиву дастафшонии" тамошобинон ҳунарнамоӣ кард, балки ба хотири навозиши руҳу ҷони онҳо сурудҳое дар ситоиши Худову расул ва имомон иҷро кард.
Ӯ аз ашъори Саъдиву Ҳофиз ва Саноиву Мавлавӣ шеърҳоеро хонд ва таронаҳои тозаашро пешкаши тамошобинон кард.
Ҳунарнамоии овозхонҳои ҳиндӣ бо нурпардозии вижа ҳамроҳ буд, ки консертро ба шоу-барнома бадал кард.
Овозхонони роҷистонӣ бо пӯшоки рангини миллии худ ва салла бар сар бо сабки хосса ғазалҳои Мавлавӣ дар ситоиши Худову расулу имомонро нахуст ба забони форсӣ ва сипас ба забони ҳиндӣ суруданд.
ар панҷ соате, ки консерт идома ёфт, дар толори "Россия" ба муносибати "Ҷашни алмосӣ" шеъру таронаҳои пандиву андарзӣ ва оромкунандаи руҳу ҷон суруда шуданд.