ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар инбора ожонсии хабарии ТоҷикТА аз қавли Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" хабар додааст.
Ба гуфтаи Исмоилзода созишнома барои сохтмони хатти баландшиддати мазкур бо ширкати ҳиндии "Kalpa-Taru Power Transmission Limited" ба имзо расонда шудааст. Ин ширкат сохтмони қисмати афғонистонии хатро низ ба уҳда дорад.
Бар асоси иттилои мақомоти тоҷик, ин лоиҳа чанд марҳилаи интихоби иҷрочиёнро дар бар гирифта, аз қисмати зеристгоҳи "Датка" то Хуҷанд, баъдан то Сангтӯда ва Кобулу Пешовар бунёд хоҳад шуд.
Қаблан арзиши умумии лоиҳа беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ шуда буд, ки аз он ба қисмати хат дар Тоҷикистон — $314 миллион, Қирғизистон — $209 млн., Афғонистон — $354 миллион ва Покистон — $209 миллион доллари амрикоӣ рост меояд.
Сармоягузорони лоиҳа дар қисмати тоҷикистонӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, ҳукумати Бритониёи Кабир ва дигар созмонҳои молиявӣ мебошанд.
Аз ҷумла барои CASA-1000 дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ — 45 миллион доллар, Бонки исломӣ — 70 миллион доллар ва Бонки Аврупоӣ 110 миллион доллари амрикоиро ҷудо мекунанд.