ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Рустанбек Раимқулов, гурӯҳи иҷроии тарҳҳои “Шабакаи миллии барқи Қирғизистон” мегӯяд, ки пайвастани хутути шабакаҳои барқи ин кишвар ва Тоҷикистон дар чорчӯби тарҳи CASA-1000 бо душвориҳо рӯбарӯ мешавад.
Яке аз ин душвориҳо, ба гуфти Рустанбек Раимқулов, ин аст, ки хатти 500-киловатии барқ аз Додхоҳ дар Қирғизистон то Хуҷанд дар Тоҷикистон дар кӯҳистонҳое душворгузар сохта мешавад, ки миёни вилоятҳои Ботканд ва Суғд ҷой доранд.
Яке дигар аз душвориҳо ин аст, ки дар ин кӯҳистонҳо рустоҳое ҷой доранд, ки тоҷикнишин ё узбакнишин ва бурунхоки Тоҷикистон ё Узбакистон ҳастанд, яъне сарзаминашон қаламрави Қирғизистон нест, ҳарчанд дар даруни он ҷой доранд. Барои давр задани ин бурунхокҳо ночорем хатти интиқоли барқро аз кӯҳҳо бигзаронем, тавзеҳ дод Раимқулов.
Ёдоварӣ мекунем, ки тарҳи “CASA – 1000” (Central Asia – South Asia) интиқоли барқи изофии тавлидшуда дар Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад. Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз 1 милёрд дулор баровард шудааст.