Боздошти 10 муттаҳам, шарҳи қасамхӯрӣ: изҳороти Додситонии кулл дар бораи ҳамла ба сайёҳон

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи ҳодисаи хунини Данғара 10 тан ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят боздшт шуда, ба иттилои додситонӣ,роҳбари ҳамлагарон узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом аст. Навори қасамёдкунии ҷавонон ба номи Бағдодӣ бошад, барои дур кардани гумон аз ҲНИТ ташкил карда шудааст

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистоон имрӯз, 4 август дар бораи ҳамлаи хунин ба гардишгарон дар шоҳроҳи Данғара изҳорот пахш кард. Дар изҳорот додситонӣ хабар додааст, дар пайи тафтишоти ин ҳодиса 10 тан боздошт шуда, навори қасамхӯрии ҳамлаоварон ба номи роҳбори гурӯҳи терористии дар Тоҷикистон мамнӯи ДОИШ ба мақсади дур кардани гумон аз ҲНИТ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ташкил карда шудааст.

Вазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода - Sputnik Тоҷикистон
Аз ҳамлаи хунини Данғара то ислоҳот дар милиса: нишасти Раҳимзода бо намояндагони САҲА

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки "ҷинояти мазкурро сокинони ноҳияи Панҷ Абдусамадов Ҳусейн, Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар ва сокинони шаҳри Норак — бародарон Юсупов Аслиддин ва Юсупов Ҷаъфар, аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ "Ҳизби наҳзати ислом" дар асоси нақшаи қаблан дар хориҷи кишвар тарҳрезишуда зери пушиши парчами "Давлати исломӣ" содир намудаанд".

Ба иттилои манбаъ, номбурдагон бо мақсади содир намудани куштори шаҳрвандони хориҷӣ 28 июли соли 2018 ҳангоми дар ҳудуди ноҳияи Восеъ  гуруҳи сайёҳони бо дучарха ба самти шаҳри Душанбе ҳаракаткунандаро мушоҳида намуда, онҳоро зери назорат гирифта, рӯзи 29 июл дар ҷамоати Себистони Данғара ҳуҷум кардаанд.

Велосипеды туристов, которых сбили в Таджикистане. 29 июля 2018 года - Sputnik Тоҷикистон
Ҷасадҳои сайёҳони кушташударо ба сафорати кишварҳояшон супурданд

Гуфта мешавад,Тафтишот муайян намуд, ки гуруҳи ҷиноятӣ таҳти роҳбарии дастгиршуда Абдусамадов Ҳ. ин ҷинояти дахшатангезро бо супориши узви фаъоли собиқ ҳизби наҳзати ислом Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович содир кардааст.

 "Тавассути расонаҳои интернетӣ паҳн кардани навори қасамёдкунии ин дастаи ҷиноятӣ ба ташкилоти террористии ба ном "Давлати исломӣ» бо мақсади дур кардани гумон аз ташкилоти террористии "Ҳизби наҳзати ислом", ки фармоишгари асосии амали террористии мазкур мебошад, ташкил карда шудааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон
Муносибатҳоро тира накунед: Эрон иттиҳоми даст доштанаш дар ҳамла ба сайёҳонро рад кард

 Додситонӣ афзудаст, зимни тафтишот алоқаи ин гуруҳи террористӣ бо дигар шахсон низ муайян карда шуда, 10 нафар сокинони шаҳри Норак, аз ҷумла 2 нафар барои мусоидат ба маблағгузории роҳбари ин гуруҳ Абдусамадов Ҳусейн ва 8 нафари дигар барои хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба тайёрӣ ба содир намудани амали террористӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0