Аз боздошти сарроф то "экстремизм"-у ҳаннотии даҳҳо бонкдор дар Суғд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДеньги в кредит, архивное фото
Деньги в кредит, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як саррофи 37-сола дар Хуҷанд барои азхудкунии 43 ҳазор доллари амрикоӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД,  боздоштшуда, аз 18 январ то 16 июли соли 2014, барои пешбурди фаъолияти соҳибкориаш, яъне хариду фурӯши асъор, аз сокини 31-солаи ноҳияи Б. Ғафуров  43 ҳазору 178 доллари амрикоиро гирифта, аз они худ намудааст.

Дар ҳамин ҳол дафтари Бонки миллии Тоҷикистон дар Суғд низ зимни нишасти матбуотӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ дар муомилоти пулӣ хабар дода, таъкид намудааст, ки тайи 6 моҳи гузашта алайҳи 17 корманди бонк парванда оғоз шудааст.

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барканории раиси 2 бонк баъди ошкори камбудиҳо ва муомилот бо ҷинояткорон

Ба иттилои манбаъ аксари онҳо, кормандони "Агроинвестбонк" мебошанд, ки дар фаъолияташон зимни додугирифти бонкӣ ба бемасъулиятию сохтакорӣ роҳ додаанд. "Тоҷиксодиротбонк" низ дар баробари "Агроинвестбонк" аз ҷумлаи муассисаҳои молиявие ном бурда шудааст, ки уҳдадорияшонро назди мизоҷон иҷро накардааст. Раёсати Бонки миллӣ дар Суғд ҳаннотии бархе аз кормандони ин бонкҳоро мояи нигаронӣ хонд.

Инчунин зимни нишасти дафтари Бонки миллӣ дар Суғд аз ҷой доштани парванда алайҳи корманди бонки "Имон интернешнл" хабар дода шуд, ки ба эктремизм ва интиқоли маблағҳои марбут ба гуруҳҳои ифротгаро рабт мегирад.

Қаблан раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷаримаи "Эсхата" ба андозаи 3,6 миллион сомонӣ ва ва "Имон интернешнл" ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ барои камбудиҳо дар муомилоти пулӣ хабар дода буд.

Ин ду бонк, ки аз ҷумлаи бонкҳои фаъол асосан дар вилояти Суғд арзёбӣ мешаванд, то ҳол расман ин иттиҳомотро шарҳ надодаанд.

Лентаи хабарҳо
0