Ҷавонмардии раиси гумруки Душанбе дар ҳодисаи хунини куштори сайёҳон дар Данғара

© Facebook / Rahmatova ZulyМесто трагедии в Таджикистане где погибли иностранные туристы
Место трагедии в Таджикистане где погибли иностранные туристы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манзараи мудҳише буд. Гирди сайёҳони маҷрӯҳу кушташуда одамони зиёде ҷамъ омада буданд. Касе ба ҷустуҷӯи мошин ин тарафу он тараф медавиду касе дар телефонаш ба навор мегирифт. Дар ҳамин вақт Хуршед Бозоров, ки аз ҷониби Данғара меомад, сайёҳони маҷрӯҳро ба мошинаш савор карда, ба бемористон бурд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Зулфия Раҳматова ном корбари  Фейсбук дар саҳифааш ёддоште навишта, дар он аз ҳодисаи хунини Данғара нақл кардааст, ки тасодуфан шоҳид гашта буд.

Зулфия ёддошташро "Инсоне бо дили бузург" ном гузошта, дар он корнамоии Хуршед Бозоров- раиси Раёсати кумитаи гумрук дар шаҳри Душанберо васф кардааст. Ба гуфтаи вай, Хуршед Бозоров дар рӯзи ҳодиса ба зуддӣ ба кӯмаки гардишгарони маҷрӯҳ шитофт ва онҳоро бе чуну чаро фаврӣ ба бемористон бурд.

— Ҳамон рӯз,  мо аз назди хонаводаи Ҳувайдо аз Кӯлоб бармегаштем. Ҳангоми гузаштан аз шоҳроҳи Данғара ба ҳодисаи мудҳиш рӯ ба рӯ шудем.

Гирду атроф пур аз хун буд, одамон ба воҳима афтода, ин тарафу он тараф медавиданд. Касе манзараи мудҳишро бо телефон навор мегирифт, касе барои дарёфти мошин медавид, то ҷароҳатбардоштагонро ба бемористон барад.

Наздиктар рафта зани солхӯрдаеро  дидам, ки ба тахтапушташ ҷароҳат бардошта буд. Дар бари вай марди марҳуме мехуфт. Чуноне ки баъдтар маълум шуд, мард ҳамсари зан будааст.

Активисты в Таджикистане помогли молодой семье найти жилье - Sputnik Тоҷикистон
Некӣ-ҷовидон: 22 рӯзи гуруснагии Шаҳлову Раҳмиддин бо ду тифл дар кӯча ва кӯмаки ихтиёриён

Мо кӯшиш кардем, то муайян кунем, ки зан аз куҷост, то аз ҳодиса хабар диҳем, аммо зан аз ҳаяҷону шояд дард, моро намефаҳмид.

Ҳамсафари ман ба назди зан нишаста, кӯшиш кард, ки ба вай кӯмак расонад- ӯро аз замин бардорад, аммо зан дасти шавҳари марҳумашро сар намедод.

Ман аз мардон хоҳиш кардам, ки то расидани ёрии таъҷилӣ ҷабрдидаҳоро ба бемористон барад, аммо ихтиёрие пайдо намешуд.

Дар ҳамин ҳол, аз тарафи Данғара хударви "Ҷип"-и сафеде омада, дар ҷойи ҳодиса бозистод ва аз дохили он марде берун шуда, бе ягон сухани зиёдатӣ ҷароҳатбардоштагонро ба мошин бурда, роҳи бемористони Данғараро пеш гирифт.

Ӯ раиси Раёсати кумитаи гумрук дар шаҳри Душанбе Хуршед Бозоров  будааст.

Ба нафароне, ки дили кушод ва раҳмдил ҳастанд, эҳтироми зиёд дорам. Одамонеро, ки дар мотами дигарон бетараф нестанд, беҳтарин инсон медонам. Одамоне, ки дар лаҳзаҳои мушкил кӯмак мерасонанд, онҳо бебаҳоянд. Ман намедонам, ки Хуршед Бозоров  навиштаи манро мехонанд ё не, аммо ман барои иҷрои қарзи инсонӣ ва қаҳрамониашон раҳмат гуфтан мехоҳам.

Ташаккур, ки ба ҷароҳатбардоштагон кӯмаки худро дареғ надошт. Бигзор нафароне мисли Хуршед Бозор бештар шаванд. Гузаштагонро Худо раҳмат кунад.

    Ёдрас мешавем, дар пайи ҳамлаи хунин ба гардишгарон дар Данғара 4 тан кушта шуда, ду тан ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Пештар дар бораи ду гардишгари кушташуда-шаҳрвандони Амрико маълумот дода будем. Онҳо зану шавҳар Ҷей Остин ва Лорен Гиогиген буданд, ки  пайваста дар вебгоҳи SIMPLY CYCLING аз сафарашон нақл мекарданд. Бахши Тоҷикистон дар ин вебгоҳ нотамом мондааст.

Сайёҳон дар тӯли як сол кишварҳои зиёде аз Африқои Ҷанубӣ то Аврупову Осиёро дидан карданд ва дар Тоҷикистон кушта шуданд. Ҷей ва Лорен дар блог дар бораи бештар аз 26 кишвар маълумот додаанд, ки ба он сафар доштанд. Аммо мутаассифона, Тоҷикистон нуқтаи охире дар харитаи сафари ин гардишгарон гашт.

Лентаи хабарҳо
0