ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Гурӯҳе аз ихтиёриён дар Душанбе ба хонаводае, ки 22 рӯз дар кӯча бесарпаноҳ мондаанд, кӯмак расониданд. Ҷавонони гурӯҳ онҳоро табобат карда, барояшон хӯрок ва сарпаноҳ муҳайё кардаанд. Дар ин бора яке аз фаъолони гурӯҳи ихтиёриён Комила Бӯриева дар гурӯҳи "Хайр"-и Фейсбук хабар медиҳад.
Ба гуфтаи вай, ихтиёриён дар маҳаллаи 9-уми километри Душанбе бо зану шавҳаре вохӯрданд, ки 22 рӯз бо ду кӯдак дар кӯча мондаанд.
Ба гуфтаи Комила, Шаҳло ва Раҳмидин сокини Ваҳдат буда, онҳоро чанде пеш модари Шаҳло аз хона пеш кардааст. Онҳо бо ду кӯдак, ки яке 5 ва дигаре 3 сол доштааст, барои пайдо кардани кор ва манзил ба Душанбе омадаанд. Аммо дар пойтахт сарсон шудаанд.
"Вақте мо онҳоро пайдо кардем, онҳо дар истгоҳ менишастанд. Кӯдакон қариб аз ҳуш рафта буданд, модарашон беҳолу бемадор буд", — менависад вай.
Тавре Комила афзудааст, гурӯҳи ихтиёриён маслиҳат карда, ба кӯмаки хонавода шитофтаанд.
"Мо ёрии таъҷилиро даъват карда, сараввал онҳоро ба бемористон бурдем. Ба зан, ки мадори гап задан надошт сузандору карданд", — менависад вай.
"Онҳо тӯли ин рӯзҳо гурусна буданд. Фақат ғизоеро мехӯрданд, ки одамон медоданд: касе бодринг медод ва касе нон", — менависад вай.
Ба гуфтаи духтари накӯкор, ихтиёриён пас аз доруву дармон барои ин хонавода хӯрок харида, барояшон сарпаноҳ ёфтаанд.
"Мо ба онҳо хороки бомазза харидем. Кӯдакон, ки беист гиря мекарданд, пас аз хӯрдан ором шуданд. Ба модарашон ҳам ҷон даромад", —тавзеҳ медиҳад вай.
Роҳбарияти яке аз ҳостелҳои Душанбе розӣ шудаанд, ки барои чанд рӯз барои ин хонавода ройгон сарпаноҳ диҳанд.
Ба гуфтаи Комила, гурӯҳ ҳоло дар ҷустуҷӯи ҳуҷрае барои ин хонавода аст. Раҳмиддин- падари хонавода якҷо бо ҷавонон кор меҷӯяд.
"Бо ин қисса гуфтаниӣ ҳастам, ки дунё аз одамони нек холӣ нест, ман бори дигар мутмаин шудам, ки мардуми мо дилсӯз ва накӯкор ҳастанд", — афзудааст вай.