Стратеги № 1-и раисиҷумҳур: кори "Диссернет" ғаразомез буд, аммо як хубӣ дошт

© SputnikГлава центра стратегических исследований Таджикистана бывший министр иностранных дел Холикназаров Худоберди
Глава центра стратегических исследований Таджикистана бывший министр иностранных дел Холикназаров Худоберди - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти пойгоҳи "Диссернет"-ро ғаразомез хонд

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Раиси МТС, имрӯз, 30-юми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, фошкориҳои пойгоҳро эътироф намекунанд.

Худойбердӣ Холиқназар афзуд, ки дар ҳамоиши солонаи Созмони ҳамкории Шанхай низ дар Остона ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки кори олимони "Диссернет" ғаразолуд мебошад.

Дар баробари ин Худойбердӣ Холиқназар таъкид намуд, ки фаъолияти "Диссернет" як хубӣ дорад. Баъди сарусадое, ки Диссернет баланд кард, Шӯроҳои илмии Тоҷикистон таваҷҷуҳашонро ба корҳои илмӣ ҷиддитар карданд.

Сайт сообщества Диссернет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бунгоҳи "Диссернет" панҷ олими тоҷикро ба асардуздӣ айбдор кард

Раиси МТС муътақид аст, ба истиллоҳ дуздиҳо дар ҳадде, ки "Диссернет" зикр мекунад, ғайриимкон аст ва мисол овард, ки ҳатто маводи илмӣ барои маҷаллаи МТС аз барномаҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ гузаронда мешаванд.  Ба гуфтаи раиси МТС маводи худӣ бояд дар мақолаҳо ҳадди ақал 70 дарсад бошад, чун дар акси ҳол қобили қабул нахоҳад буд.

Ба гуфтаи Худойбердӣ Холиқназар модоме талабот дар як маҷалла чунин аст, фаъолияти Шӯроҳое, ки корҳои илмиро баррасӣ мекунанд, боз ҳам ҷиддитар мебошад.

Пойгоҳи интернетии "Диссернет", ки фаъолияташро алайҳи асардуздӣ роҳандозӣ кардааст, ахиран ҳудуди 40 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам намуд. Ба иттилои "Диссернет" аксари ин олимон, ки чеҳраҳои шинохтаи ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд, қисми зиёди корҳои илмияшонро бе ишораи манбаъ аз ҳамкорони дигар дуздидаанд.

Лентаи хабарҳо
0