Сафорати Амрико: марги сайёҳон ба меҳмоннавозии мардуми тоҷик рабте надорад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкФлаг США, архивное фото
Флаг США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон фоҷиаи кушта шудани гардишгаронро шадидан маҳкум мекунад. Аммо ниҳод таъкид кардааст, ки ин қазия ба муносибати мардуми Тоҷикистон ба сайёҳон иртиботе надорад

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмие хабар дод, ки ниҳод ҳодисаи "кушта шудани гардишгаронро шадидан маҳкум мекунад". Аммо сафорат таъкид кардааст, ки ин қазия ба "меҳмоннавозии мардуми тоҷик иртиботе надорад".

"Миннатдории самимии худро ба Президент Раҳмон ва халқи Тоҷикистон барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаи қурбониён иброз менамоем. Ин бераҳмии ҳамлагаронро шадидан маҳкум намуда, хуб дарк менамоем, ки чунин амал аз меҳмоннавозӣ ва меҳрубонии халқи тоҷик шаҳодат намедиҳад", — менависад манбаъ.

Подозреваемый гражданин Таджикистана в наезде на иностранных туристов - Sputnik Тоҷикистон
Фаврӣ: се муттаҳам дар марги сайёҳон кушта шуданд

Дар ҳамин ҳол, ниҳод тасдиқ кардааст, ки ду гардишгари кушташуда, шаҳрванди Амрико буданд.

Ниҳод аз ифшои ҳувияти гардишгарон худдорӣ мекунад.

"Ҳамдардии худро ба хонаводаи қурбониён расонида, омодаем, ки дар тафтишот бо мақомот  ҳамкорӣ кунем", — афзудааст дафтари матбуотии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Ёдрас мешвем, 29 июли соли 2018, соати 15.30 дар ҷамоати Себистони Данғара, мошини "Леганза", ки ба Ҷаъфариддин Юсупов, сокини 21-солаи шаҳри Норак тааллуқ дорад, 7 велосипедрони хориҷиро зер кардааст. Дар натиҷа 4 сайёҳ ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Пас аз ҳодиса ронанда ва се ҳамроҳаш аз ҷои ҳодиса фирор карданд. Дар пайи амалиёт муттаҳамон ва мошинашон дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара пайдо карда шудаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон то ҳол аз боздошти 4 узви гуруҳ хабар додааст. Теъдоди муттаҳамони кушташуда низ ба 4 нафар расид.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон субҳи 30 июл изҳор дошта буд, ки фарзияҳои гуногуни ин ҳодиса, аз садама то куштор ва амали террористиро баррасӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0