Нигаронии СММ аз қарздорҳо: Тоҷикистон ҳам саҳмашро пардохт накардааст

© Фото : МИД РТПосещение озера Сарез Генеральным секретарем ООН Антониу Гутерришем
Посещение озера Сарез Генеральным секретарем ООН Антониу Гутерришем - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, бо ирсоли як нома ба кишварҳои узви созмон аз вазъи молӣ изҳори нигаронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи СММ, Гутерриш дар номааш аз кишварҳои узв даъват намудааст, ки саҳми худро дар буҷаи созмон саривақт пардохт намоянд.

Заведующий отделом Средней Азии и Казахстана Института стран СНГ Андрей Грозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Грозин: узвият ба Шӯрои амнияти СММ нуфузи Тоҷикистонро баланд мекунад

СММ мегӯяд, то ҳол 112  давлати дунё саҳми худро дар буҷаи СММ пурра пардохт кардаанд. Ҳаҷми маблағи воридшуда ба СММ то моҳи июни соли ҷорӣ 1 миллиарду 49 миллион долларро ташкил додааст. Ин нишондод соли гузашта муодили 1 миллиарду 70 миллион доллар будааст.

Бар асоси маълумоти Созмони Милали Муттаҳид то ҳол 81 давлати дунё саҳми худро дар буҷаи ин созмон пардохт накардаанд, ки Тоҷикистон низ дар ин феҳраст мебошад.

Дар феҳрасти кишварҳои қарздор аз СММ инчунин ИМА, Эрон ва Арабистони Саудӣ зикр шудаанд.

Стефан Дужаррик, намояндаи СММ мегӯяд, вуруди маблағ ба СММ тайи нимсолаи гузашта,  аз поинтаринҳо тайи таърихи созмон мебошад. Ӯ изҳор доштааст, ки созмон роҳҳои кам кардани хароҷотро кофтукоб хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0