Намояндагони Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои СҲШ гуфтанд, ки Тоҷикистон мехоҳад номзадии худро ба узвияти муваққатии Шурои амнияти Созмони миллали Муттаҳид пешниҳод кунад.
Агар аризаи Тоҷикистонро қабул кунанд, нуфузи Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ баланд мешавад. Афзун ба ин, кишвар имкон пайдо мекунад, ки дар як вақт чанд мушкилии минтақавиро ҳал кунад, мегӯяд мудири шӯъбаи Осиёи Миёнаи Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин.
"Узвият дар Шӯрои амнияти СММ аз нуқтаи назари шинохта шудани кишвар, боло шудани нуфузи Тоҷикистон муҳим аст. Он дар ҷалби диққати ҷаҳониён ба мушкилии минтақавӣ, аз ҷумла пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилии Афғонистон, ки Душанбе ҳавасманд аст, кӯмак мекунад", — тавзеҳ дод Грозин.
Грозин сиёсати Қазоқистонро мисол меорад, ки дар мӯҳлати кӯтоҳи узвияти муваққатӣ ба Шӯрои амнияти СММ тавонист диққати мушоҳидакунандагони байналмилалиро барои ҳалли мушкилии кишвар ҷалб кунад.