Амри раисиҷумҳур дар бораи вазифаҳои нави исломшиносҳо

Обуна шудан
Исломшиносони назди раисиҷумҳур муваззаф гардидаанд, ки пайванду ҳамбастагии мероси исломиро бо фарҳанги миллӣ пажуҳишу мушаххас намоянд

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як амр ба оинномаи муассисаи давлатии Маркази исломшиносии назди Президент тағйиру иловаҳо ворид намуда, пеши масъулини ин ниҳод вазифаҳои ҷадид гузоштааст.

Бар асоси амри раисиҷумҳур, ки 6 июли соли равон имзо гардид, мутахассисони Маркази исломшиносӣ муваззаф гардидаанд, ки барои рушди ҳаёти динии ҷомеа консепсияҳои давлатӣ ва барномаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таҳия кунанд.

Вазифаи дигари Маркази исломшиносӣ ин таҳлили илмӣ-назариявии нақши маросиму анъанаҳои миллию динӣ дар танзими ҳаёти ҷомеа муқаррар шудааст. 

Инунин  исломшиносони назди раисиҷумҳур муваззаф гардидаанд, ки пайванду ҳамбастагии мероси исломиро бо фарҳанги миллӣ пажуҳишу мушаххас намоянд.  

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон  дар робита ба ташкили Маркази исломшиносии назди Президент гуфта буд, ки ин як тадбир барои бароварда кардани ниёзҳои динии мусулмонон дар кишвар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0