Муноқишаи маргбори "янгаю язна" дар Исфара

© Sputnik / Mish SukharevНож, архивное фото
Нож, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз муноқишаи маргбори хонаводагӣ дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара хабар дод

Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Ба меҳмонӣ рафту корд зад: боздошти сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотиВазорати умури дохилӣ муноқиша 25-уми июл соли 2018, тахминан соати 19:10-дақиқа миёни зани 47-сола ва бародари ҳамсараш рух додааст.

"Марди 48-сола бо ҳамсари бародараш муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба тахтапушти зан зарба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", — иттилоъ медиҳад ВУД.

Манбаъ афзуд, ки феълан муттаҳам дар ин ҷиноят дастгир шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳаш идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0