Ба меҳмонӣ рафту корд зад: боздошти сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

© PixabayНож в руке
Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нисбати муттаҳам бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марде ба манзили шиносаш меҳмон шуда, кордкашӣ кардааст. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, гумонбар, сокини 23-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, ҳодиса дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи мазкур рух додааст.

"Муттаҳам ҳангоми дар хонаи марди 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи мазкур қарор доштанаш, бо марди 21-сола ҷангу ҷанҷол карда, корди дар дасташ бударо ба тарафи ӯ ҳавола додааст, ки дар натиҷа корд ба қисмати рости шиками охирин задааст", — тавзеҳ медиҳад ВУД,

Мувофиқи маълумотномаи Ташхиси судӣ-тиббӣ ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Нисбати марди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0