ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, марзбонони тоҷик аз 12-ум то 22-уми июли соли ҷорӣ амлиёти махсусро дар минтақаи сарҳадии "Ҳамадонӣ" анҷом доданд.
Зимни амалиёти мазкур, қочоқчиёни афғон ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон бо марзбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, миёни онҳо задухӯрдҳои мусаллаҳона ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷа се нафар қочоқчиёни афғон кушта шуда, 6 нафар ҳаммаслакони қочоқчиён, шаҳрвандони Тоҷикистон дастгир шуданд.
"Аз боздоштшудагон беш аз 100 кило маводи нашъаовару силоҳ мусодира карда шуд", —гуфт манбаъ.
Манбаъ таъкид кард, ки боқимонда қочоқчиёни афғон аз торикии шаб истифода бурда ба тарафи Афғонистон ақибнишинӣ карданд.
"Аз ҷои ҳодиса як адад силоҳи оташфишон, маводи нашъаовар навъи афъюн — 93 килову 800 грамм ва 15 кило героин дарёфт ва мусодира шуд", — афзуд манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби мақомотҳои дахлдор тафтишот идома дорад.