Задухӯрди масаллаҳонаи марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон дар марз

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев / Гузариш ба медиабонкНа таджикско-афганской границе. Архивное фото
На таджикско-афганской границе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон байни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона рух дод. Дар натиҷа сарҳадбонони тоҷик аз қочоқи маводи мухаддири зиёде пешгирӣ карданд

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон байни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона рух дод, хабар медиҳад сухангӯи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Бино бар иттилои манбаъ, задухурд  30 июни соли ҷорӣ дар назди дидбонгоҳи сарҳадии "Дарвоз" дар ВКМБ ба амал омадааст.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, "гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони шахсияташон номаълум — шаҳрвандони Афғонистон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ба муқовимати шадиди сарҳадбонони тоҷик дучор шуданд".

Дар натиҷа, байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрд сурат гирифт. Муттаҳамон аз торикии шаб истифода бурда ба ҷониби Афғонистон фирор намуданд.

"Баъди фирори шаҳрвандони Афғонистон, сарҳадбонон ҷойи ҳодисаро аз назар гузаронда, 31 кило афюн дарёфт намуданд" — афзудааст Улуғхоҷаев.

Тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0