ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Масҷидҳое, ки қаблан дар Тоҷикистон баста шуда буданд имкон дорад дубора дарҳои худро барои намозгузорон боз кунанд, эълон кард зимни нишасти матбуотӣ раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода.
Ба гуфтаи вай, Кумита барои баррасии ин масъала комиссияи байни идоравӣ таъсис додааст.
Давлатзода афзуд, ки гурӯҳи кории байни идоравӣ дар бораи дубора боз намудани масҷидҳои басташуда талош хоҳад кард.
"Маҳалаҳое ҳаст, ки дар онҷо 2 ё 3 масҷид ба қайд гирифта шудааст, аммо маҳала ва деҳаҳое низ мавҷуд аст, ки дар онҷо ҳеҷ масҷиде вуҷуд надорад. Гурӯҳи корӣ ҳамаи паҳлӯи масъаларо дақиқ меомӯзад. Танҳо пас аз анҷом ёфтани омӯзиши масъала, чораҳои зарурӣ андешида мешавад.",- таъкид кард Давлатзода.
Вай гуфт, ки дар басташудани масҷидҳо худи масъулони ҷамъиятҳои динӣ гунаҳгор мебошанд.
"Вақте, ки қонуни нав қабул шуд, ҳамаи ҷамъиятҳои динӣ бояд аз нав сабти ном мешуданд, аммо ба далели бе аҳмиятияшон корро анҷом наёфт ва боиси баста шудани баъзе аз масҷидҳо шуд", —гуфт раси кумитаи дини Тоҷикистон Сулймон Давлатзода.