ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Имомхатиби масҷиди Нури Исломи шаҳри Хуҷанд Ибодулло Калонзода дар як нишаст дар шаҳри Гулистон пешниҳод кардааст, ки дини Ислом дар мактабҳои Тоҷикистон таълим дода шавад.
Ба гуфтаи Калонзода, ҷорӣ шудани омӯзиши Ислом дар мактабҳо ҷавононро аз хатари ифротӣ шудан эмин нигаҳ медорад, "ҷавонон худ дарк мекунанд, ки ислом аслӣ чист".
Моҳҳои феврали соли ҷорӣ хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон сию панҷ имомхатиби масҷидҳо аз вазифаҳояшон барканор шуданд.
Имомхатибҳо барои он аз вазифа барканор шуданд, ки ба саволҳои аттестатсионӣ посух гуфта натавонистанд. Ҳамаи саволҳо бист рӯз пеш аз имтиҳон ба имомхатибҳо равон шуда буданд.
Нӯҳ сол мешавад, ки имомхатибҳои Тоҷикистон имтиҳон месупоранд. Соли 2014 Ҳукумат музди кори имомхатибҳоро 800 сомонӣ (наздики 90 доллар) муқаррар кард. Корҳои ободонӣ бошад аз ҳисоби кумаки бошандагони маҳҳалӣ анҷом дода мешуд.
Бар асоси ислоҳияи ворида ба Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон, масҷидҳо муваззаф ба ироаи гузориш аз амалкарди молии худ шуданд.
Ин ислоҳия ба пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб расид ва акнун масҷидҳо, калисоҳо ва дигар созмонҳои мазҳабӣ дар кишвар бояд дар бораи манобеъи молӣ, наҳваи ҷамъоварӣ ва ҳазина кардани кумакҳои мардумӣ ва пардохти андоз гузориш диҳанд.
Дар Тоҷикистон масҷидҳо, калисоҳои русӣ ва ягона канисаи яҳудиён аз ҳисоби кумакҳои хайрияи мардумӣ фаъолият мекунанд.
Аз соли 2014 имом хатибони 265 масҷиди ҷомеи Тоҷикистон аз ҳисоби будҷаи давлат ҳуқуқ дарёфт мекунанд.
Соли 1990 ва дар даврони Шуравӣ бо пешниҳоди Идораи динии мусулмонони Тоҷикистон ва мувофиқати маҷлис, масҷидҳои кишвар аз пардохти молиёт озод шуда буданд.
Соли 2012 ба дастури Кумитаи динии Тоҷикистон, имомони масҷидҳои кишвар муваззаф шуданд, ки дар бораи теъдоди намозгузорон, мизони кумакҳои хайрияи мардумӣ ва даромади молии худ гузориш диҳанд.
Дар Тоҷикистон интихоби имомони масҷидҳо бо пешниҳоди Шӯрои уламо анҷом мешавад.