Пурдабдаба: дар Суғд 75 нафарро барои вайрон кардани қонуни танзим ба ҷавобгарӣ кашиданд

CC0 / Pixabay / Свадьба, архивное фото
Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилоят бо ҳамин ҷурм 105 нафари дигар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Додситонии Суғд 75 нафарро барои вайрон намудани қонун дар бораи танзим ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст. Дар ин бора масъулин дар рафти нишасти матбуотӣ хабар доданд.

"Дар шашмоҳаи аввали соли равон зимни санҷиши иҷрои қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 75 нафар сокинони вилоятро барои вайрон намудани талаботҳои қонуни мазкур ба ҷавобгарии маъмурӣ, 105 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ кашида", — гуфта мешавад дар изҳороти онҳо.

Ҳамчунин доситонии вилоят дар ҳамин давра ошкор кардааст, ки дар Суғд 3 883,43 га қитъаи замини худсарона азхуд карда шудааст.

Дар ин замина дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқи вилоят ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва бозори дохилӣ, мубориза бо қочоқи молу маҳсулоти пастсифат 533,5 тонна молу маҳсулоти пастсифат ва 57,8 литр сӯзишвории нақлиётӣ ба маблағи 3,3 млн. сомонӣ мусодира гардидааст.

Ҳамзамон, прокурори Суғд вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ зикр кард, ки дар 6 моҳи соли равон дар миқёси вилоят ҳамагӣ 3 ҳазору 398 ҷиноят бақайд гирифта шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 адад зиёд буда, кушодании ҷиноятҳо 90,56 фоизро ташкил додааст.

 

Лентаи хабарҳо
0