Эълони ҳаҷми нафақаи Ҳукумову Назаршоева: аз дигарон низ 15% боло меравад

© Sputnik / Амир ИсаевАмонулло Хукуматулло. Архивное фото
Амонулло Хукуматулло. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки аз 1 сентябр ҳаҷми ҳамаи намуди нафақа дар кишвар 15 дарсад боло бардошта шавад

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ҳаҷми нафақаи Амонулло Ҳукумов, раиси пешини "Роҳи оҳани Тоҷикистон" — ро 7,5 ҳазор сомонӣ ва аз Наталя Назаршоева, собиқи мудири "Тоҷиксодиротбонк"-ро 15 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кард.

Послание президента Таджикистана Эмомали Рахмона парламенту - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: дар соли 2018 музди кор, нафақа ва стипендия дар Тоҷикистон афзоиш хоҳанд ёфт

Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Ожонси нафақа 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ нафақаи баланди Ҳукумовро ба маъюбияти ӯ ва аз Назаршоеваро ба маоши баландаш ҳангоми кор дар бонк рабт дод.

Дар мавриди беш аз 679 ҳазор нафақахӯри дигар, ки дар кишвар сабт гардидаанд, Одиназода изҳор дошт, ки бар асоси дастури раисиҷумҳур аз 1 сентябри соли равон ҳаҷми нафақа 15 дарсад боло хоҳад рафт.

Ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар аз 257 то 368 сомонӣ арзёбӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0