Ҷаримаи "Газпромнефт"-у ТАЛКО барои нақзи қонунҳои Тоҷикистон

© Sputnik / Рамиль СитдиковЛоготип компании "Газпром" , архивное фото
Логотип компании Газпром , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон аз ҷаримаи корхонаҳое хабар дод, ки масъулинаш меъёрҳои қонунгузории кишварро нақз кардаанд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Санъат Раҳим, сардори Хадамоти мазкур, 23 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, тайи 6 моҳ 136 масъули корхонаҳои кишварро барои қоидавайронкунӣ ба маблағи 285 ҳазору 844 сомонӣ ҷаримабандӣ кардаанд.

Президент Фонда национальной энергетической безопасности Константин Симонов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Симонов: рафтани "Газпром" аз Тоҷикистон заминаи сиёсие надорад

Дар қатори корхонаҳои ҷаримашуда аз ҷумла "Газпромнефт",  "Ширкати алюминийи тоҷик", "Гидроэнергострой", "Хокруд", "Сохтмон-3",  "Мавлак", "Хуаксин Ғаюр Суғд Семент",  "Сарватҳои кӯҳӣ", "Саманд" ва ғайра номбар карда шуданд.

Тибқи иттилои Хадамот дар фаъолияти аксари корхонаҳо зикргардида, нақзи талаботи қонунгузорӣ, ба монанди надоштани лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, мавҷуд набудани нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ, таъмин набудани корхонаҳо бо мутахассисони соҳавӣ ва дар феҳристи давлатӣ ба қайд нагузоштани иншоот ошкор карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0