ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. "Газпром" идомаи иктишофи геологӣ дар Тоҷикистонро бидуни манфиат донист. Ба ин далели ширкат эълом кард, ки Тоҷикистонро тарк мекунад.
Ин қарор заминаи сиёсие надорад, мегӯяд Константин Симонов. Ба гуфтаи вай, айни замон дар Тоҷикистон идомаи икитишофи геологӣ бидуни мақсад аст.
"Чун дар афсона -кофтем ва кофтем наёфтем. Ғайр аз мо, конадагиҳо, фаронсавиҳо ва чиниҳо низ дар Тоҷикистон нафту газ ҷуста буданд. Айни ҳол фарзияи мувҷуд будани захираи зиёди ҳидрокарбон дар минтақаи Ому тасдиқи худро наёфтааст", - гуфт Константин Симонов ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи коршинос, дар ҳолати пайдо шудани захираи табиӣ низ, содир ва коркарди он мушкил мешуд. Зеро Тоҷикистон дар иҳотаи кӯҳ ҷойгир шудаасту интиқоли газ ё нафт аз минтақа мушкил аст.