ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Расонаҳои Узбакистон хабар медиҳанд, ки дар яке аз бемористонҳои хусусии шаҳри Самарқанд ҳодисаи исқоти ҳамли ғайриқонунӣ, фурӯш ва куштори тифлони навзод ошкор шуд.
Дар бемористон ин амалҳои мудҳиш бо роҳбарии сардухтур Нигора Солихонова сурат мегирифтааст.
"Кӯдаконе, ки дар натиҷаи исқоти ҳамл, зинда таваллуд мешуданд, роҳбарияти клиникаи шахсӣ бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз 500 то 2000 доллар мефурӯхтанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дигар тифлонеро, ки касе намехаридааст, то мурдан нигоҳ дошта, сипас даҳшатвор дар хумдоне, ки барои сӯхтани партовҳои пизишкӣ муайян шудааст, месӯзонидаанд.
Дар рафти тафтишот даҳҳо кӯдакони сӯхтаро пайдо карданд.
Додситонии Самарқанд бо ин далел парвандаи ҷиноӣ боз карда, моҳи феврали ҳамин сол дар бинои додгоҳи вилояти Самарқанд нисбати роҳбарият ва кормандони ин бемористон ҳукм содир гардид.
Ба Нигора Солихонова, сардухтури бемористон 13 сол ҳукми зиндон доданд. Ҳамчунин чанд корманди ин бемористон аз озодӣ маҳрум гардиданд.