Моҷарои сиёсӣ баъди “муштзании сол”-и Усик ва Гассиев дар Маскав

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкБокс. Бой М. Гассиева и А. Усика
Бокс. Бой М. Гассиева и А. Усика - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Александр Усик, муштзани украинӣ 21 июл дар шаҳри Маскав ҳарифаш аз Русия, Мурат Гассиевро шикаст дод

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Гассиев дар муҳорибаи ниҳоии WBSS мағлуб шуд ва изҳор дошт, ки пирӯзии Усик мунсифона буд. Сарфи назар аз муносиботи сарди Маскаву Киев варзишгарон эҳтироми хуби тарафайнро нишон доданд ва Усик барои ташкили ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Руководитель портала РИА Новости Украина Кирилл Вышинский во время рассмотрения апелляции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Путин бо Порошенко истирдоди рӯзноманигори Русияро баррасӣ кардааст

Ин пирӯзӣ баъди он ангезаи сиёсӣ гирифт, ки Пётр Порошенко, раисиҷумҳури Украина дар бораи он изҳори назар кард.

“Суруди миллии Украина, ки имрӯз аз Маскав ба тамоми ҷаҳон садо дод, рамзи муборизаи мо ва наздикшавии пирӯзии мост”, — навишт Порошенко дар саҳифаи Twitter.

Қувваозмоӣ дар толори “Олимпийский” баргузор гардида, Усик баъди пирӯзӣ дар 12 давр унвони қаҳрамонияшро аз рӯи WBO ва WBC ҳимоят карда, баробари Ҷоми Алӣ инчунин камарбандҳои қаҳрамонии Гассиев аз рӯи IBF ва WBA-ро соҳиб шуд.

Лентаи хабарҳо
0