ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, қарор дар ин бораро аввали моҳи равон имзо намуд.
Тибқи қарори ҳукумат, Кумитаи идораи амволи давлатӣ ва Ожонси авиатсияи граждании Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки давоми як моҳ масоили ҳуқуқию ташкилии ниҳоди навро дар “Тоҷик Эйр” ҳал кунанд.
Ҳукумат таъкид намудааст, ки Шӯрои назоратии “Тоҷик Эйр” дар ҳайати 13 нафар таъсис дода шавад ва аъзои он аз мудирияти иҷроияи ширкат набояд беш аз чор як ҳиссаи Шӯроро ташкил диҳанд.
Афроде, ки дар гузашта даст ба қонуншиканӣ задаанд ё ба ҷиноятҳои иқтисодию молиявӣ гумонбар дониста шудаанд, ҳаққи интихоб шудан дар Шӯрои назоратиро надоранд. Идораи умумии ширкат ба уҳдаи Шӯрои назоратӣ вогузор шуда, ин ниҳод иҷрои қарорҳои муассисро назорат хоҳад кард.
“Тоҷик Эйр” ширкати ҳавонавардии давлатӣ мебошад, ки баъди таҷдиди сохтори соҳа — ҷудо шудани фурудгоҳу бахши таъмини сӯзишворӣ аз он, қарздор монд ва то ҳол вазъи молияш мушкил арзёбӣ мешавад.