ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Масъулини тибби вилояти Суғд аз афзоиши нешзании каждум тайи рӯзҳои охир иттилоъ доданд.
Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба масъулини беморхонаи рақами 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ додаанд, ки танҳо давоми як шабонарӯз ба ин муассиса 12 нафари каждумгазида бо шикоят аз дарди тоқатфарсо муроҷиат намудаанд.
“Чунин муроҷиаткунандаҳо зиёданд ва ба онҳо кӯмаки ройгони тиббӣ расонда мешавад”, - изҳор доштаанд пизишкон дар Суғд.
Масъулин сабаби афзоиши каждум дар хонаҳои истиқоматӣ ва ҳамлааш ба одамонро ба шиддати гармӣ рабт додаанд.