"Ҳуҷуми" каждум ба сокинон дар Хуҷанд

CC0 / Patrizia08 / ScorpionСкорпион
Скорпион - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳолатҳои заҳролудшавӣ аз неши каждум дар шаҳри Хуҷанд бештар гардида истодааст

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бино бар гузориши хабаргузории СМ-1 дар Хуҷанд танҳо дар як шабонарӯз 5 тан аз неши каждум заҳролуд шуда, ба бемористонҳо омадаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, танҳо дар як шабонарӯзи 27-уми июн ба нуқтаи осебшиносии рақами 2-и ин шаҳр 5 нафар бо иллати заҳролудшавӣ аз неши ин намуди ҳашарот муроҷиат кардаанд. Осебшиносон мегӯянд, каждум дар пайи гарм шудани ҳарорати ҳаво асосан дар хонаҳои гилин зиёд шудааст.

Змея, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Моргир: мор худ аз одам метарсад

Аз рӯи таҳлилҳо дар як моҳ то 40-50 нафар дар пайи заҳролудшавӣ аз неши каждум ба табобат мӯҳтоҷ шудаанд. Дар ҳамин ҳол аз Раёсати муассисаи давлатии дезинфексияи профилактикии вилояти Сугд иттилоъ доданд, ки ба онҳо беш аз 60 нафар сокинон бобати нобуд кардани гаждум дар хонаҳояшон муроҷиат кардаанд.

Инҳо бештар сокинони биноҳои баландошёна буда аз зиёдшавии гаждум дар таҳхонаҳо дар ташвиш мондаанд.

Лентаи хабарҳо
0