ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, боздоштшудагон - Фируз Шарипов, сокини 29-солаи деҳаи Овчии ноҳияи Деваштиҷ ва Шамсов Файзалӣ, истиқоматкунандаи 29-солаи деҳаи Охчакмани ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд.
Бар асоси иттилоия, боздоштшудагон шабона дар шаҳри Хуҷанд аввал аз роҳгузарон барои занг задан телефон мехостаанд, сипас мегуфтаанд, ки мо милиса ва бо таҳдид телефону маблағҳоро мусодира мекардаанд. Бештар афродеро ҳадафи худ қарор медодаанд, ки ба назар оҷиз менамудаанд.
Феълан алайҳи боздоштшудагон бар асоси моддаи 248 – и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти умури дохилӣ аз боздошти як ҷавон дар ноҳияи Ёвон иттилоъ дода буданд, ки худро милиса гуфта, даст ба ғоратгарӣ задааст.