Ман милиса: Чӣ гуна Темур дар Ёвон ғоратгарӣ кардааст?

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудники милиции в Душанбе, архивное фото
Сотрудники милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавони судшудае дар Ёвон ҳамчун милиса бар сари сокинон зӯроварӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Марди ҷавоне дар ноҳияи Ёвон худро милиса муаррифӣ карда, даст ба ғоратгарӣ задааст.

Тибқи иттилои шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон ба ин ниҳод, марди 55-сола, сокини деҳаи Бешбулоқи ноҳияи мазкур муроҷиат намуда, аз нафари ғоратгар шикоят кардааст. Ҷабрдида арз доштааст, ки охирҳои моҳи январи соли 2018, “Темур” ном шахс худро корманди оперативӣ муаррифӣ намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасти писари 13-солааш телефони тамғаи “ZTE”, ки арзишаш 300 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф кардааст.

Ба иттилои манбаъ дар пайи кофтукоб муттаҳам дар ин ҷиноят, марди 21-сола, сокини кӯчаи А.Ҷомии ноҳияи Ёвон боздошт гардид. Тибқи иттилои мақомоти умури дохилӣ таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи боздоштшуда, ки қаблан низ бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноӣ суд шудааст, идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0