ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ба гуфтаи ваколатдори ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, солҳои ахир маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон боло рафтааст.
"Шаш моҳи ахир муроҷиати шаҳрвандон ба мо камтар шудааст, ки ин аз боло рафтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон шаҳодат медиҳад", - гуфтааст вай ҳини нишасти матбуотӣ.
Яъне, шаҳрвандон пештар барои масъалаҳои ба мо вобаста набуда низ муроҷиат мекарданд, имрӯз онҳо медонанд, ки бевосита ба куҷо бояд муроҷиат намоянд, тавзеҳ медиҳад вай.
Ализода афзуд, дар шаш моҳ ба омбутсмен 1691 муроҷиат расидааст.
"Ин муроҷиатҳо бештар ба масъалаҳои ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳуқуқ ба таъмини иҷтимоӣ (алимент) вобаста мебошанд", - афзудааст вай.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар нишасти матбуотӣ хабарнигор аз Ализода дар мавриди ҳукми роҳбари собиқи дастаи КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов пурсиданд
Ваколатдор гуфт, пардохти ҷуброни зарар дар парвандаи Хайрулло Мирсаидов зимни баррасӣ дар додгоҳи вилоятӣ ба назар гирифта мешавад.
Ализода афзуд, маблағи ҷуброн баъди содир шудани ҳукми додгоҳ пардохт гардид. Ба гуфтаи ӯ ҷуброни зарар ҳатман ба назар гирифта мешавад ва додгоҳи вилоятӣ парвандаи Мирсаидовро ҳаллу фасл хоҳад кард.