ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, мегӯяд, пардохти ҷуброни зарар дар парвандаи Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори маҳкумшуда ба 12 соли зиндон, зимни баррасӣ дар додгоҳи вилоятӣ ба назар гирифта мешавад.
Ализода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, маблағи ҷуброн баъди содир шудани ҳукми додгоҳ пардохт гардид. Ба гуфтаи ӯ ҷуброни зарар ҳатман ба назар гирифта мешавад ва додгоҳи вилоятӣ парвандаи Мирсаидовро ҳаллу фасл хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки ахиран оилаи Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори маҳкумшуда ба 12 соли зиндон, 124 ҳазор сомониро ба фоидаи давлат пардохт карда буд. Тибқи изҳороти оила ва ҷониби ҳимояи Мирсаидов, ин маблағ 12-уми июл ба сифати ҷуброни зиёне, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ муайян карда шудааст, ба давлат пардохт гардид.
“Ин маънои онро надорад, ки Хайрулло Мирсаидов, оилаи ӯ ва ҷониби ҳимоя айберо, ки ба Мирсаидов пешниҳод шудааст, эътироф менамоянд. Оилаи ӯ ба хулосае омад, ки дар шароити ҷорӣ маблағи зиён нисбат ба арзиши озодии писарашон қобили муқоиса нест ва чунин иқдомро пеш гирифтанд. Умедворем Хайрулло Мирсаидов дар рӯзҳои наздик ба озодӣ хоҳад баромад”, - омадааст дар баёнияи ҷониби ҳимояи рӯзноманигори тоҷик.
Қаблан додраси додгоҳи Хуҷанд гуфт, дар сурати пардохти ҷуброни зиён эҳтимол дошт, ки Мирсаидов озод шавад.
Додгоҳ Хайрулло Мирсаидовро дар шоҳидии бардурӯғ, сохтакорӣ ва исрофи 124 ҳазор сомонӣ гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Мирсаидов баробари рӯзноманигорӣ, роҳбарии дастаи зарифони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ моҳи декабри соли 2017 баъди шикояташ аз фасодкории раиси раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон дар вилояти Суғд боздошт гардид.