ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Гуруҳи ҷавонони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод кардаанд, ки барои қадрдонии хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории тоҷикон, номи кишвар - Тоҷикистони Раҳмонӣ гузошта шавад.
Муҳсини Зикрулло, ҷавони тоҷик зимни ироаи ин пешниҳод Арабистони Саудиро мисол овардааст.
“Ибни Саъуд Арабистонро аз парокандагӣ дар соли 1926 раҳонид ва соли 1932 ба он номи “Саъудӣ” — ро илова кард. Тоҷикистон низ дар соли 1992 дар ҳолати парокандагӣ буд ва ибни Раҳмон онро аз вартаи парокандагӣ раҳонид ва имрӯз мо соҳибдавлатем”, — изҳор доштааст Муҳсин.
Ӯ бо зикри ин нукта суол гузоштааст, ки мешавад Тоҷикистон низ тағйири ном кунад ва онро Тоҷикистони Раҳмонӣ номем?
Бархе аз ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карда, изҳор доштаанд, ки хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон арзандаи чунин иқдом мебошанд.
Аммо гуруҳи дигар изҳор доштаанд, ки беҳтараш тоҷикистониён овораи чунин пешниҳодҳо нашуда, дастаҷамъона ба корҳои муҳимтар барои беҳбуди сатҳи зиндагии мардум машғул шаванд.