Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон мунташир шуд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Китоби раисҷумҳур аз 366 саҳифа иборат буда, дар нашриёти "Контраст" ба забони тоҷикӣ мунташир шудааст

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik.  Мақомоти Тоҷикистон хабар додаанд, ки китоби нави раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба табъ расид.

Дар китоб аз сиёсати хориҷӣ ва ибтикороти кишвар дар арсаи байналмилалӣ гуфта мешавад.

Бино бар иттилои манобеъ, китоб аз 366 саҳифа иборат буда, бо забони тоҷикӣ дар нашрияи "Контраст" мунташир шудааст.

Гуфта мешавад, дар китоб матни суханрониҳои раисҷумҳур ва мусоҳибаҳои кишвардор ҷамъоварӣ шудааст.

Ҳамчунин асари нави Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон  дар мавриди вазъи Афғонистон, мубориза бо тероризму ифротгароӣ  нақл мекунад.

Лентаи хабарҳо
0