Тоҷикгеология: Тоҷикистон 40 кони тилло дорад

© Sputnik / Александр Лыскин / Гузариш ба медиабонкСамородное золото
Самородное золото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти "Тоҷикгеология" эълон намудааст, ки дар конҳои истихроҷи тиллои Тоҷикистон 200 тонна тилло мавҷуд аст

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Захираҳои тилло дар конҳои Тоҷикистон 200 тоннаро ташкил медиҳад, мегӯяд муовини аввали раиси "Тоҷикгеология", Раҳмонбек Бахтдавлатов.

Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 40 кони тилло мавҷуд аст ва истихроҷи тилло дар 14 кон сурат мегирад.

Разработка новых месторождений золота, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чин дар Тоҷикистон коркарди конҳои тиллоро тавсеа медиҳад

Бахтдавлатов тавзеҳ додааст, ки дар дигар конҳои мавҷудбуда барои муайян намудани ҳаҷми захираҳои тилло корҳои геологӣ давом дорад.

"Танҳо пас аз муайян намудани ҳаҷми тилло дар конҳои мазкур, онҳо ба тавозуни давлат гузаронида мешаванд", — таъкид кардааст Бахтдавлатов.

Соли ҷорӣ ба ширкати "Авесто Одина"  бораи таҳқиқоти геологии кони Даштакои ноҳияи Ховалинг иҷозатномаи вижа дода шуд.

Вай афзуд, дар Тоҷикистон тақрибан 600 кон мавҷуд мебошад, ки беш аз 800 намуди канданиҳои фоиданокро фаро мегиранд.

Дар тамоми конҳои канданиҳои фоиданок тадқиқоти мутахассисони тоҷик давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0