Чин дар Тоҷикистон коркарди конҳои тиллоро тавсеа медиҳад

© Из личного архива Андрея ЗахватоваРазработка новых месторождений золота, архивное фото
Разработка новых месторождений золота, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон пас аз омӯзиши ҳисоботи ҷониби Чин дар бораи натоиҷи тадқиқоти геологи-иктишофӣ дар кони "Кумарги Боло", ки дар чанд марҳила гузаронида шудааст, ба ширкати чинӣ иҷозатнома дод

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. "ТВЕА"-и Чин барои коркарди кони тиллои "Кумарги Боло" дар Тоҷикистон иҷозатнома ба даст овард, хабар медиҳад оҷонсии ТоҷикТА.

"Ширкати чинии "ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ" иҷозатномаи коркарди кони тиллои "Кумарги Боло"-ро ба даст овардааст", — иттилоъ додаанд дар "Тоҷикглавгеология", идораи кулли геологияи Тоҷикистон.

Тавлиди тилло (тиллошӯӣ). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар ивази Маркази гармидиҳӣ ба Чин 2 кони тилло додааст

Тибқи иттилои манбаъ, ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати чинӣ пас аз омӯзиши ҳисоботашон дар бораи натоиҷи тадқиқоти геологи-иктишофии кони мазкур, ки дар чанд марҳила гузаронида шудааст, иҷозатнома додааст.

Пештар ширкати чинии "ТВЕА" барои баррасии шӯрои илмию техникии "Тоҷикглавгеология" гузоришҳои худро ироа карда буд.

Ҳамин тавр, гузориш дода шуд, ки ширкати чинии "ТВЕА" корҳои геологӣ-иктишофӣ бо истифода аз фанновариҳои навтарин, гузаронида буд. Аз ин лиҳоз, дар рафти коркарди кони тилло ширкати мазкур инчунин аз фанновариҳои навтарин истифода мебарад, ки онҳо таркиби конро бо дақиқии баланд муайян сохта, вуҷудияти тилло ва дигар канданиҳои фоиданокро дар кон муайян месозанд.

Мувофиқи гуфтаҳои манбаъ, гирифтани иҷозатнома барои коркарди кон, ҳамчунин сохтмони корхонаи ғанисозӣ ва истихроҷи маодинро пешбинӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0