Одиназода дар бораи ҷаҳиши нархи газу бензин: Нуқтаи охирашро гуфта наметавонем

© Sputnik / Амир ИсаевНазар Одиназода на пресс-конференции Антимонопольной службы РТ 23 июля 2015 года
Назар Одиназода на пресс-конференции Антимонопольной службы РТ 23 июля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҷаҳиши нархи газу бензинро дар кишвар шарҳ дод.

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон имрӯз, 18-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҷаҳиши нархи маводи сӯхт дар кишвар ба болоравии арзиши он дар Русия рабт дорад.

Дар мавриди истгоҳи охири раванди болоравии нархи маводи сӯхт Одиназода гуфт, чизеро пешгӯӣ карда наметавонад, чун болоравии нархҳо ба тағйирёбиҳо дар биржаи молӣ рабт доранд. Ӯ афзуд, ки нархи таъиннамудаи ширкатҳоро таҳти назорат қарор додаанд ва дар сурати болобарии беасос чораандешӣ мекунанд.

Одиназода гаронии нархи гази моеъро ба камбуди воридоти он аз Қазоқистон рабт дод. Ӯ изҳор дошт, ки корхонаи қазоқистонӣ дучори мушкил шудааст ва наметавонад ҳаҷми зарурии интиқоли газро баТоҷикистон таъмин кунад. Корхонаи Қазоқистон зимни як нома ба мақомоти Тоҷикистон изҳор доштааст, ки наметавонад нақшаи содироти гази моеъро  ба Тоҷикистон таъмин намояд. 

Рӯзи гузашта Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҷаҳиши нархи маводи сӯхтро ба болоравии нархи нафт дар ҷаҳон рабт дод.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи афзоиши таваррум изҳор дошта буд, ки он аз ҷумла ба афзоиши нархи гази моеъ рабт дод. Ба иттилои ин ниҳод арзиши гази моеъ дар моҳи июн 33 дарсад афзоиш ёфтааст. Бонки миллӣ низ сабаби болоравии нархи газро ба коҳиши воридоти он ба бозори кишвар рабт дод.

“Тибқи омори гумрукӣ, дар моҳи июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 27,8 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба моҳи гузашта (моҳи майи соли равон) ба андозаи 22,1 дарсад (7,9 ҳазор тонна) кам мебошад”, — шарҳ додааст БМТ.

Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, феълан нархи гази моеъ аз 5 сомонӣ ва бензин аз 8 сомонӣ барои литр гузаштааст.

Лентаи хабарҳо
0