ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, иқдоми мазкур дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ гардидааст.
Мақомоти умури дохилӣ ҳадафи сафар ба Бадахшон ва ҳамоиш дар Хоруғро васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо дастовардҳои даврони Истиқлолият, фарҳанги ниёкон, боздид аз маконҳои таърихӣ, мустаҳкам намудани дӯстии байни тамоми ҷавонони кишвар ва дар ин замина, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ арзёбӣ карданд.
Манбаъ афзуд, ки масъулини ВКД ронандагонро ба эҳтиёткорӣ дар роҳи тӯлонии Бадахшон даъват намуда, ба ҷавонон таъкид намуданд, ки вақти сафар ба ВМКБ бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳои ин минтақаи дурдасти ҷумҳуриамон риштаи дӯстиву рафоқат барпо намоянд.
Тибқи нақша, 18-уми июл дар шаҳри Хоруғ Анҷумани ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Зиракии сиёсии ҷавонон - омили рушди амну суботи кишвар» баргузор мегардад.