Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ барои тарғиби зиракии сиёсӣ дар Хоруғ

© пресс-служба президента РТЦеремония поднятия Государственного флага в центре города Хорога
Церемония поднятия Государственного флага в центре города Хорога - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти милиса ҷавонони фаъоли ҷумҳуриро дар Хоруғ барои баррасии зиракии сиёсӣ ҷамъ меоранд.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти милиса ҷавононро дар Хоруғ барои баррасии зиракии сиёсӣ ҷамъ меорад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумита, Анҷумани ҷумҳуриявии ҷавонон дар Хоруғ аз 16 то 20-уми июли соли равон зери унвони "Зиракии сиёсии ҷавонон — омили рушди амну суботи кишвар" баргузор мегардад.

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Хоруғ бар зидди зӯроварӣ дар хонавода, мубориза мебаранд

Бар асоси иттилоия, дар ҳамоиш зиёда аз 100 нафар, аз ҷумла  гирандагони стипендияи президентӣ, стипендияи раиси шаҳри Душанбе, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, варзишгарону кормандони соҳаи кор бо ҷавонон, санъаткорону адибон ва ихтиёриёни фаъоли кишвар иштирок мекунанд.

Кумитаи кор бо ҷавонон афзудааст, ки баробари боздид аз мавзеъҳои таърихию мадании шаҳру навоҳии Дарвоз, Хоруғ, Ванҷ ва Шуғнон дар доираи анҷуман инчунин баргузории маъракаҳои тарғиботӣ — ташвиқотӣ, аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд ва барномаҳои фарҳангӣ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0