Нигаронии генерал Назарзода аз маргумири кӯдакон ҳангоми оббозӣ

© Sputnik / Амир ИсаевКупальный сезон – 2015 в Таджикистане
Купальный сезон – 2015 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал Рустам Назарзода таъкид намудааст, ҷойҳое, ки одамон ғайримуташаккилона макони истироҳат интихоб мекунанд, ошкор сохта шаванд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, зимни ҷамъбасти фаъолияти 6-моҳаи ниҳоди тобеяш,  маргумири шаҳрвандон, махсусан кӯдаконро ҳангоми оббозӣ мояи нигаронӣ хондааст.

Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баъди ғарқшавиҳо: Кумита роҳҳои наҷотро пешниҳод кард

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумита, Назарзода ба ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки корҳои пешгирӣ аз хатар дар иншооти обиро таҳким диҳанд. 

"Ба мо зарур аст ҳама корро анҷом диҳем, то ки бехатарии одамон таъмин шавад, бахусус кӯдакон дар амну осоиш бошанд ва аз марги онҳо дар обҳо пешгирӣ бояд кард”,-гуфт Рустам Назарзода.

Местные жители спасаются от жары в море в Бенгази, Ливия - Sputnik Тоҷикистон
Аз беназоратии волидон: дар ду рӯзи ахир чор кӯдак ғарқ шуданд

Ӯ таъкид намудааст,  ҷойҳое, ки одамон ғайримуташаккилона макони истироҳат интихоб мекунанд, ошкор сохта шаванд. Генерал супориш додааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бештар гарданд ва назорати истифода аз заврақҳое, ки дорои зарфиятҳои камтар мебошанд, пурзӯр шаванд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0