Аз беназоратии волидон: дар ду рӯзи ахир чор кӯдак ғарқ шуданд

© AP / Rodrigo AbdМестные жители спасаются от жары в море в Бенгази, Ливия
Местные жители спасаются от жары в море в Бенгази, Ливия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз тамоми волидони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар ду рӯзи ахир дар ҷӯйбору ҳавзҳои Тоҷикистон чор кӯдак ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва таъкид мекунад, ки волидон дар ин мавсими оббозӣ  фарзандони худро беназорат нагузоранд.

"Тайи рӯзҳои 4-5-уми июл, 4 ҳолати ғарқшавии ноболиғон ба қайд гирифта шудаааст, ки ҷой доштани чунин ҳодисаҳо боиси нигаронӣ аст", — менависад манбаъ.

Аз он ҷумла, 4-уми июл, тахминан соати 21:00 хурдсол, Абдураҳмонов Юсуфҷон Бурҳоновичи 2-сола, сокини деҳаи Зарафшони ноҳияи Кӯшониён, аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.

Спасатели МЧС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гар шиновар нестӣ...: 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар рӯдҳои Тоҷикистон

Санаи 5-уми июл, дар шаҳри Бохтар тахминан соати 11:35 хурдсол, Ҷилоева Сумани 3-сола, аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шудааст.

Ҳамин тавр, и 4-уми июл, тахминан соати 15:30-дақиқа, хурдсол, Тангирова Арофат, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи Қубодиён аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.

Санаи 5-уми июл, тахминан соати 16:45-дақиқа, ноболиғ, Воҳидов Сиёвуш Баҳриддинович, соли таваллудаш 2010, сокини ш.Душанбе, дар осоишгоҳи кӯдаконаи касалиҳои сили "Қаратоғ", воқеъ дар ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав ҳангоми оббозӣ карданаш дар ҳавзи осоишгоҳи мазкур аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.

Вазорати умури дохила аз тамоми волидон хоҳиш менамояд, ки дар чунин фасли зебои сол, ки мавсими гаштугузор ва фароғату истироҳати кӯдакону ноболиғон аст, фарзандони худро беназорат нагузоранд ва ҳар як ҳаракати онҳоро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0