Омодагиҳо барои сафари Э.Раҳмон ба Тошканд: Расулзода ба Фарғона меравад

© Сайт президента Кыргызской РеспубликиПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба Узбекистон баррасӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар садри як ҳайати воломақом аз Узбекистон боздид мекунад.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Узбекистон, 16 июл дар шаҳри Фарғона мулоқоти Расулзода бо ҳамтои узбекистонияш, Абдулло Орипов дар назар аст.

КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар меҳмонӣ чун дар хона: Лағви раводид ба тоҷикону узбекҳо чӣ дод?

Ҳайати Тоҷикистонро асосан вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд. Дар назар аст, ки ҷонибҳо сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба Узбекистон ва мулоқоти сарони ду давлатро баррасӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0