Дар меҳмонӣ чун дар хона: Лағви раводид ба тоҷикону узбекҳо чӣ дод?

© Sputnik / Амир ИсаевКПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шамсиддин Маликов, мудири шуъбаи идеология дар ноҳияи Шаҳристон, мегӯяд, 53 дарсади сокинони ноҳия узбеканд ва хонаҳо пури меҳмон мебошанд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Лағви низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбекистон дар соли равон рафтуомад ва додугирифтро миёни шаҳрвандони ду кишвар ба маротиб зиёд кардааст.  

“Ман ба Тоҷикистон дигар чун ба хонаи худ хеле роҳату осон меоям. Мо ҳамсояем ва бояд рафтуомади озод дошта бошем. Роҳи дигар нест”, - гуфт рӯзноманигори узбекистонӣ, ки намоишгоҳи тиҷоратӣ дар шаҳри Хуҷандро инъикос мекард.  Рӯзноманигорони узбек аз осонии убури  марзи Тоҷикистону Узбекистон тавсиф карда, изҳор доштанд, ки расмиёт дар марз ҳамагӣ 5 дақиқа давом кард.

Контейнеры в порту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Савдои гарм: Тоҷикистону Узбакистон гардиши колоро дучанд карданд

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд,  дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз оғӯши бози тоҷикон барои истиқболи узбекҳо суҳбат кард. Ӯ аз ҷумла иттилоъ дод, ки имсол ба намоишгоҳи тиҷоратӣ дар Хуҷанд аз Узбекистон тоҷирони зиёд омадаанд.

“Беш аз 40 ширкати узбекистонӣ маҳсулоташонро пешниҳод карданд. Соли гузашта шумораашон ҳамагӣ 5-6 адад буд. Хуҷанд мехоҳад дар ҳамкорӣ бо ҷониби Узбекистон корхонаҳои муштараки тавлиди трансформатор ва маҳсулоти дузандагӣ бунёд намояд”, - иттилоъ дод Муҳаммадзода.

Тоҷирони тоҷику узбек тайи ҳамагӣ ду рӯз маҷмӯи созишномаҳо бо маблағи умумии 6 миллион доллар имзо кардаанд, ки дар муқоиса бо соли пешӣ се баробар зиёд мебошад.

Хаджимухаммад Умаров, эксперт Института экономики и демографии АН РТ - Sputnik Тоҷикистон
Умаров: Тоҷикистон бозори сементи Узбакистонро пурра аз худ хоҳад кард

Шамсиддин Маликов, мудири шуъбаи идеология дар ноҳияи Шаҳристон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, меҳмон аз кишвари ҳамсоя дар ин ноҳия ба маротиб зиёд шудааст.

“Баъди кушодашавии марз омадурафт зиёд шуд. Асосан шаҳрвандони Узбекистон ба ноҳия меоянд. Дар Шаҳристон ҳудуди 53 дарсади сокинон узбекҳо мебошанд ва акнун метавонанд бе монеа наздиконашонро хабар гиранд”, - изҳор дошт Маликов.

Зимни таҳияи матлуб маълум буд, ки ҳар ду ҷониб аз бартараф шудани монеаҳо ва вазъи феълии муносибот хеле хушнуданд.

Лентаи хабарҳо
0