Сода, вале бошукӯҳ: хонаи Айнӣ дар Самарқанд чӣ хотираҳоеро аз устод нигаҳ медорад

© Sputnik / Дильшода РахматоваБюст Садриддина Айни находящийся в его доме-музее, Самарканд
Бюст Садриддина Айни находящийся в его доме-музее, Самарканд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Sputnik муайян кард, ки хона-музейи олим ва нависанда Садриддин Айнӣ дар Самарқанд кадом хотираро дар худ нигоҳ медорад

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Хона-музейи нависандаи тоҷик Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд аст. Ба ифтихори 140-умин солгарди устод Айнӣ, мақомоти Узбакистон  хона-музейи ӯро тармим кардаанд.   

Хабарнигори Sputnik Узбекистон Дилшода Раҳматова аз хона-музейи тармимшуда боздид кард ва дар бораи таассуроташ нақл кард.

Чигуна дар Самарқанд хона-музейи устод Айнӣ сохта шуд

Хона-музейи ёдбуди нависанда ва олим Садриддин Айнӣ, ки ба ду забон — тоҷикӣ ва узбакӣ — асар меофарид, дар маркази шаҳри Самарқанд, қариб дар рӯ ба рӯи майдони Регистони машҳур, воқеъ аст.

Устод Айнӣ дар ин хона соли 1923 мустақарр шуд, замоне ки аз таъқиботи навкарони амири Бухоро Сайид Олимхон пинҳон мешуд. Дар кулл, Садриддин Айин қариб 35 сол, то оғози солҳои 1950-ум, дар ин хона зиндагӣ ва эҷод кардааст.

© Sputnik / Дильшода РахматоваДом-музей Садриддина Айни, город Самарканд
Дом-музей Садриддина Айни, город Самарканд - Sputnik Тоҷикистон
Дом-музей Садриддина Айни, город Самарканд

Сохтмон ба ду бахш тақсим мешавад. Бахши аввал дар охири асри XVIII — ибтидои асри XIX бунёд ёфта, бахши дуввум солҳои 1930-юм аз тарафи худи нависанда ва дӯстони ӯ сохта шудааст.

Маҳз дар ин чордеворӣ устод Айнӣ асарҳои машҳури худ "Одина", "Мактаби кӯҳна", "Ятим", "Ғуломон", "Исёни Муққанаъ" ва ғайраҳоро навиштааст.

Хона-музейи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси ҳукумати Узбакистон дар соли 1967, пас аз 12 соли вафоти ин шахсияти машҳур ва бузурги фарҳангии шӯравӣ, таъсис дода шуда буд.

Дар хона-музей утоқҳои истиқоматӣ ва ду кабинети кории устод Айнӣ дар шакли асл нигоҳ дошта шудааст. Ба меҳмонон ашёи шахсӣ, мебел ва асбобҳои давраҳои тоинқилобиву шӯравӣ, ироа шудаанд.

Дар ҳавлии бино дарахтони бо дасти худ шинондаи устод Айнӣ дида мешаванд: ду дарахти себ (меваи дӯстдоштаи нависанда), дарахти шафтолу ва як токи ангур.

Инчунин дар хона нусхаҳои асарҳои ӯ, ки ба бисёр забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд, буридаҳо аз рӯзнома ва маҷаллаҳои он давра дар бораи фаъолияти устод ва дастнависҳои аслии худи Айнӣ, мавҷуданд.

Аз лаҳзаи ифтитоҳи хона-музей то имрӯз осори он танҳо ду бор таҷдид ёфтаасту халос. Он бори охир соли 2018 барои тармим баста шуда буд.

Дар остонаи 140-умин солгарди нависанда дар бино корҳои таъмирӣ ба анҷом расид, вале дар нимаи дуюми моҳи майи соли равон хона-музей барои ду моҳ, баҳри тармими кулл, баста хоҳад шуд.

© Sputnik / Дильшода РахматоваКомната для отдыха, музей Садриддина Айни, город Самарканд
Комната для отдыха, музей Садриддина Айни, город Самарканд - Sputnik Тоҷикистон
Комната для отдыха, музей Садриддина Айни, город Самарканд

Устод Айнӣ дар Самарқанд кор ва эҷод кардааст

Замоне ман ба хона-музей омадам, аз дидаам хеле мутаассир гаштам. Охир на ҳама вақт имконпазир мешавад, ки ба ашёи таҷассумкунандаи таърих худ даст расонӣ ва дар бораи ин ё он давраи ҳаёту фаъолияти шахсияти машҳур, чизеро донӣ, мегӯяд Дилшода.

"Шумо бисёр сари вақт омадед, зеро пас аз 15-20 рӯз хона-музей барои тармими кулл баста мешавад", — гуфт роҳнамо Фарида Нарзуллоева аз дари даромад.

Зайниддин Орифи, Алексей Авганов и Эрадж Айни у памятника Садриддину Айни - Sputnik Тоҷикистон
Ӯро ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон фаромӯш намекунанд: набераи Айнӣ дар бораи адиб

Ба мавзӯи таъмир мо бар хоҳем гашт, вале дар аввал тасмим гирифтем то ҳуҷраҳоеро, ки дар онҳо асосгузори адабиёти муосири тоҷик, қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ  зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз назар гузаронем.

Устод Айнӣ аз ҷумлаи он донишҷӯёне буд, ки дар зери таъсири асарҳои маорифпарвари бузургии асри XIX тоҷик Аҳмади Дониш монда, ба чунин хулосае омада буданд, ки бояд мактабҳои нави навъи урупоӣ кушода ва тибқи барномаҳои ҷадид дар онҳо дарс дода шавад. Пас аз ин, сохти ҳукмронии амир ба таъқиби маорифпарварони озодфикр шурӯъ кард. Садриддин Айнӣ солҳои 1915-1916 маҷбур шуд, дар Бухоро махфиёна зиндагӣ кунад.

Нӯҳуми апрели соли 1917, ҳангоми намоиши тазоҳуроти тарафдорони ҷараёни ҷадидия, Садриддин Айнро дастгир карданду, ба тахтапӯшташ 75 зарбаи чӯб зада, ба зиндон партофтанд. Пас аз озод шудан ва табобати думоҳа гирифтан дар беморхонаи шаҳри Когон, ӯ ба чунин хулосае меояд, ки барои истиқомати доимӣ ба Самарқанд кӯчад.

"Баъди ба Самарқанд омадан, устод Айнӣ аввал дар хонаҳои дӯстон ва хешовандонаш зиндагӣ мекунад. Вале пас аз чанд муддат, дар соли 1923, як қисми ин хонаро ва қисми дуввумашро, дар солҳои 1930-юм мехарад. Бояд зикр кард, ки қисми дуюми хонаро ҳукумати Узбакистон бо хоҳиш ва лоиҳаи худи Айнӣ месозад. Ҳамин тариқ, мақомоти ҷумҳурӣ тамоми шароитро барои кор ва эҷоди ин олими барҷаста муҳайё карда буд", — шарҳ медиҳад роҳнамои мо Фарида.

Маорифпарварони Самарқанд аз омадани устод Айнӣ хеле шод гашта буданд. Ӯ дар ташкили аввалин мактабҳои навуслуб хеле фаъолона иштирок карда, ҳам бо нашрияҳои узбекӣ ва ҳам тоҷикӣ ҳамкориҳои зич кардааст. Дар он солҳо, ки Самарқанди Бостон пойтахти ду ҷумҳурӣ — Узбакистон ва Тоҷикистон — дониста мешуд, устод Айнӣ дар нашрияи тоҷикии шаҳри Самарқанд кору фаъолият мекард.

Лентаи хабарҳо
0