Лавров: “ШОС”- ро бояд пурзӯртар кунем

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазифаи аввалиндараҷа пурзӯр кардани нақши стратегии СҲШ дар таъмини низоми ҷаҳоние мебошад, ки бар амнияти баробар, эҳтироми ҳамдигар ва ҳифзи манфиати ҳамаи кишварҳо асос ёфтааст

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зарур хондааст, ки нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар шаклгирии сиёсии ҷаҳони бисёрқутба пурзӯртар гардад.

“Дар ҳоли ихтилофот дар сиёсату иқтисоди ҷаҳонӣ, Созмони ҳамкории Шанхай мунтазам ба як иттиҳоди рушдёбанда табдил шуда истодааст, ки нақшаш дар равандҳои байналмилалӣ рӯзафзун мебошад”, - гуфтааст Лавров зимни суханронӣ дар мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии СҲШ.

Ба иттилои манбаъ пайвастшавии Ҳинду Покистон ба СҲШ барои густариши иқтидори ин созмон мусоидат карда, имконоти нав фароҳам овардааст.

Флаг Ирана - Sputnik Тоҷикистон
Панҷараи форсӣ: оё Эрон ба зиддиятҳои Тоҷикистон дар СҲШ тоб меорад?

“Вазифаи аввалиндараҷаамон, пурзӯр кардани нақши стратегии СҲШ барои таъмини низоми ҷаҳоние мебошад, ки дар заминаи амнияти баробар, эҳтироми ҳамдигар ва ҳифзи манфиати ҳамаи кишварҳо асос ёфтааст”, - баён доштааст вазири умури хориҷии Русия

Лавров изҳори боварӣ кардааст, ки мулоқоти муовинони вазирон барои амалисозии супоришҳои сарони кишварҳои узви СҲШ, ки дар Чин ироа гардиданд, мусоидат хоҳад кард.

СҲШ – созмони байналмилалие мебошад, ки соли 2001 аз ҷониби роҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон таъсис ёфт. Ҳинду Покистон аъзои нави СҲШ буда, Афғонистон, Белорусия, Эрон Муғулистон – кишварҳои нозир ва Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка шарикони созмон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0