Дар шаҳри Хоруғ бар зидди зӯроварӣ дар хонавода, мубориза мебаранд

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото.
Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хоруғ дар доираи ислоҳоти милитсия ҳуҷраи кории нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар хонавода кушода шудаст

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ бар зидди зӯроварӣ дар хонавода мубориза мебаранд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар ин росто, дар шаҳри Хоруғ дар доираи ислоҳоти милитсия маросими кушодашавии ҳуҷраи кории нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар хонавода дар ШВКД баргузор гардидааст.

Раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Шодихон Ҷамшед аз сифати пасти корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ

Дар маросими ифтитоҳи ҳуҷраи нозир Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД  Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр, афсари миллии САҲА оид ба робитаҳои ҷамъиятӣ ва масъалаҳои ислоҳоти милитсия Маҳмадиев Ҳайдар Холович, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ майори милитсия Иззатшоев Шукурбек ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат кардаанд.

Шодмонзода дар маросими ифтитоҳ гуфтааст, ки бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар доираи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти  милитсия барои солҳои 2013-2020 дар манотиқи гуногуни кишвар якчанд ҳуҷраҳои кории нозирон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии ифтитоҳи чунин ҳуҷраҳо муқовимат ба хушунат ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ барои рафъи зӯроварӣ дар хонаводаҳо мебошад.

Пештар хабар дода шуд, ки фаъолони иҷтимоъии ҷомеъаи мадании Кӯҳистони Бадахшон мехоҳанд вилояташонро аз ҳама гуна машруботи спиртӣ пок кунанд.

Дар ин росто, гурӯҳе аз фаъолони иҷтимоъӣ дар номае аз раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дархост кардаанд тавлиду фурӯши ҳама гуна машруботи алкулӣ ва тамокуиро дар қаламрави ин вилоят мамнуъ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0