Талаби ҳабси абад барои муттаҳамон дар террори Истанбул

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкЗаключенный в колонии, архивное фото
Заключенный в колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амали террористӣ дар фурудгоҳи Отатурки Туркия, ки гуфта мешуд, шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар он даст доранд, 44 кушта ва 239 маҷруҳ барҷой гузошта буд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Туркия барои 6 нафари муттаҳам дар террори фурудгоҳи Отатурки Истанбул ҳабси абад талаб кардааст.

Дар ин бора РИА Новости бо такя ба хабаргузории туркии Anadolu хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ Ризо Ҷошкун, Левент Уйсал, Ахмет Каплан, Айюб Дамир, Ахмет Дизлек ва Ҷамил Сулиманӣ дар нақзи Конститутсия ва қатли барқасдонаи даҳҳо нафар айбдор мешаванд. Додситонии Туркия изҳор доштааст, ки муҳлати ҳабси 6 муттаҳам дар террори фурудгоҳи Отатурк бояд аз 2150 то 3371 солро ташкил диҳад.

Дар маҷмуъ дар доираи ин қазия алайҳи 46 нафар таҳқиқот сурат гирифтааст, ки 36 нафарашон дар ҳабс мебошанд. Алайҳи 15 нафари дигар барои даст доштан дар ин амали террористӣ айб эълон гардидааст. Додситонӣ барои онҳо аз 7,5 то 15 соли зиндон талаб дорад.

Се таркиш дар даромадгоҳ, баромадгоҳ ва истгоҳи фурудгоҳи Отатурк 28 июни соли 2016 рух доданд, ки 44 кушта, аз ҷумла 19 хориҷӣ ва 239 маҷруҳ барҷой гузоштанд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия изҳор дошта буд, ки дар ин террор шаҳрвандони Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон даст доранд ва он аз ҷониби созмони террористии ба ном "Давлати исломӣ" амалӣ гардидааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки ҷониби Туркия тасдиқи даст доштани шаҳрвандони тоҷикро дар ин амали террористӣ ироа накардааст.

Лентаи хабарҳо
0