ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Худрави як шаҳрванди Узбакистон ба рӯди Варзоб чаппа шуд, ки дар натиҷа мутаассифона ронанда ғарқ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 8 июл, тахминан соати 22:00 рух додааст.
Гуфта мешавад, ронанда Ҳамдамқул Азимови 27-сола дар ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи нақлиёт баромада натавонист.
"Ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи "Шевролет", Азимов Ҳамдамқул Ҳамроқулович, соли таваллудаш 1991, зода ва истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Узбакистон, вилояти Самарқанд, ҳангоми ҳаракат аз Ҷумҳурии Узбакистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 54-ум километри ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба дарёи Варзоб чаппа намудааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Барои дарёфт намудани шаҳрванди Узбакистон Ҳамдамқул Азимов чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад.