"Ҷонибек Муродов касбашро дигар мекунад"

© Facebook / МДО АрвандПевец Джонибек Муродов
Певец Джонибек Муродов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхон имрӯз дар "Арванд" ба ҳайси мушовири бонк ба мизоҷон хидмат расонид

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Овозхони номдори тоҷик Ҷонибек Муродовро барои як рӯзи корӣ ба бонк  даъват кардаанд: овозхон дар филиали муассисаи молии хурди "Арванд" дар Душанбе ба мизоҷон ба ҳайси мушовири бонк хидмат расонид.

"Ҷонибек Муродов касбашро дигар мекунад. Танҳо як рӯз овозхон дар филиали нави муассиса  дар Душанбе ба ҳайси мушовир хидмат мерасанад",-  хабар дода мешавад дар вебгоҳи муассиса.

Гуфта мешавад, имрӯз мизоҷон дар бонк бо овозхони машҳур имконияти акс гирифтан,  суратҳисоби амонатӣ кушодан, гирифтани қарз ва интиқоли маблағро пайдо карданд.

Ба гуфтаи коршиносон, бонкҳои Тоҷикистон, ки ба  муштариёни бештаре ниёз доранд,  барои ҷалби онҳо аз ситораҳо истифода мебаранд.

Пештар хабар дода шуд, ки овозхони тоҷик Ҷонибек Муродовро ҳунарманди  машҳури латиштабор Лайма Вайкуле ба ҷашнвораи байналмилалии  "Лайма. Рандеву. Юрмала — 2018" даъват кардааст.

"Дӯстони азиз! Ба Шумо хушхабареро расонидан мехоҳам. Маро ба муҳимтарин маросими мусиқии тобистон ҷашнвораи "Лайма. Рандеву. Юрмала — 2018". даъват карданд",- хабар дода буд Муродов.

Ҷашнвораи байналмилалии "Лайма. Рандеву. Юрмала" бори аввал соли 2015 ташкил карда шуд. Ба нақша гирифта шудааст, ки имсол дар доираи ин ҷашнвора 4 барномаи консертӣ баргузор шавад, ки дар он ҳунармандон аз Русия, Латвия, Украина, Гурҷистон ва дигар кишварҳо ширкат хоҳанд варзид.

Ҷашнвора бевосита аз ҷониби Лайма Вайкуле ташкил шудааст ва ин ҳунарманд шахсан овозхонҳоро барои иштирок дар он аз кишварҳои гуногун даъват мекунад.

Имсол "Лайма. Рандеву. Юрмала — 2018" дар толори "Дзинтари"-и шаҳри Юрмала (Латвия) аз 19 то 22 июл баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0