Маҳдудиятҳои шадид ҳагоми убури гузаргоҳҳои Тоҷикистону Узбакистон

© Sputnik / Амир ИсаевКПП "Равот" на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шуд. Мувофиқи тартиботи ҷадид, шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбакистон бештар аз 40 килограм коло оварда наметавонанд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар роҳи гардиши коло байни Тоҷикистону Узбакистон маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ шуд, хабар медиҳад Podrobno.uz.

Мувофиқи тартиботи нав, як нафар тавассути газаргоҳ метавонад танҳо 2 кило маҳсулоти гӯштӣ, 5 кило анвои нону булка, 7 кило биринҷ интиқол диҳад, ки вазни умумии он бояд 40 килоро ташкил диҳад.

Дар рӯзҳои аввали ифтитоҳи сарҳад барои интиқоли мол ягон маҳуддияте ба назар намерасид. Аммо имрӯзҳо аз шаҳрвандон қатъӣ талаб мекунанд, ки ба ин тартибот риоя кунанд.

На узбекско-афганской границе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон 10 гузаргоҳ дар марз бо Тоҷикистонро боз кушод

Пештар ожонси  "Тоҷикстандарт" хабари гӯё ба Тоҷикистон мамнӯъ шудани воридоти тухмро такзиб  кард.

"Ба воридоти тухми мурғ дар умум ва ё аз кишвари алоҳидае маҳдудияте ҷорӣ нашудааст", — гуфта буд намояндаи "Тоҷикстандарт". Аммо расонаҳои Тоҷикистон хабар дода буданд, ки ба кишвар воридоти тухми мурғ муваққатан мамнӯъ шудааст. Ин чораҷӯӣ гӯё бо далели шикоятҳои бисёри сокинон аз сифати тухмҳои хориҷа санҷида шудааст.

Ёдрас мешавем, ҳангоми убури сарҳад шаҳрвандони Тоҷикистон бояд қоидаҳои оддитаринро дар хотир дошта бошанд: ҳуҷҷатҳои лозимро бо худ гиранд, вақти кори гузагоҳро дақиқ кунанд (на ҳама гузаргоҳҳо шабанарӯзӣ фаъолият доранд) пули зиёдатиро, ки бо он ворид шудан ба ҳудуди Узбакистон мамнӯъ аст, бо худ нагиранд.

Ҳангоми бозгашт шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар хотир дошта бошанд, ки на ҳама ашёеро, ки аз Узбакистон метавон харид, аз сарҳад гузаронида мешавад.

Sputnik Таджикистан рӯйхати ашёҳоеро маълум кард, ки берун овардани он аз марзи Узбакистон мамнӯъ аст.

Чунончӣ, аз Узбакистон баровардани ғалладона ва анвои нону булка мумкин нест, аммо гузаронидани кулчақандҳоро кишвар иҷоза медиҳад. 

Ҳамчунин  баровардани ашёи арзиши фарҳангидошта, ки беш аз 50 сол умр доранд, мамнӯъ аст. Байни он ашёе, ки вобаста ба ҳаёти мардум, санг ва металлҳои қимматбаҳо, ҳама гуна намуди силоҳ, аксу расм ва видеоматериалҳо мебошанд.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Мирзиёев қарордод дар бораи марзи Тоҷикистону Узбакистонро ба тасвиб расонид

Сеюм, ба Тоҷикистон овардани чорво, гӯшт ва парранда мамнӯъ шудааст. Дар Узбакистон барои ин амалҳо ба ҷавобгарӣ мекашанд. Бояд фаромӯш накард, ки  ҳайвонот ва растаниҳоеро, ки ба Китоби сурх ворид карда шудаанд, аз марзи ҳамсоякишвар баровардан, қатъиян мамнӯъ аст. Шуморо метавонанд барои кӯшиши  ба Тоҷикистон бурдани пиллаи кирмак низ ҷазо диҳанд. Ҳамчунин аз Узбакистон интиқол додани спирти этилӣ мамнӯъ аст.

Агар хоҳед, ки аз Узбакистон ҷавоҳироти тиллоӣ биёред, бояд аз хотир фаромӯш накунед, ки шумораи он бояд аз 5 дона зиёд набошад ва вазни он дар умум  то 5 граммро ташкил диҳад.

Ҳамчунин маҳдудиятҳо барои харидории соати дастӣ ҷорӣ шудааст, ки аз ду то зиёдаш дар марзи Узбакистон мемонад.

Ёдрас мешавем, бино бар маълумотҳои расмӣ дар Тоҷикистон наздикӣ 950 ҳазор узбек ва дар Узбакистон 1,3 миллион тоҷик зиндагӣ мекунанд, ки бо ҳам пайванди ақрабоӣ доранд.

Лентаи хабарҳо
0